Тарзи ташкил ва гузаронидани имтиҳони мархилаҳо ва сессияи имтиҳонотӣ

1. Рейтинги якум барои донишҷӯёни курси якум ва дуюм аз 11-уми марти соли 2019 - ум оғоз мегардад.

2. Рейтинги дуюм барои донишҷӯёни курси якум ва дуюм аз 29 – уми апрели  соли 2019 – ум оғоз мегардад.

3. Супоридани имтиҳон танҳо рӯзи муайян гардида аз соати 00.01 то соати 23.59 баргузор мегардад. 

4. Барои супоридани имтиҳони рейтингҳо фақат як маротиба дар давоми 120 дақиқа имконият дода мешавад.

5. Супоридани имтиҳони рейтинги 1 ва 2 - ум ба таври фосилавӣ, аз ҷойи истиқомат, ҷойи кор, интернет кафеҳо ва ғайра баргузор мегардад. Хохишмандон метавонанд имтиҳони мархилавиро аз соати 8.00 то 16.00 дар синфхонаҳои компютерии бинои таълимии №3 низ супоранд.

6. Барои соҳиб шудан ба баҳои мусбат аз имтиҳони ниҳоии сессияи тобистона донишҷӯ бояд аз ду рейтинг на кам 80 балл дошта бошад.

7. Барои иҷрои бе ғалати ҳар як супоришнома ба балхои рейтинги 1 - ум ва 2 - ум дар миқдори 2 балл ҳамроҳ карда мешавад. 

8. Саволҳои тестӣ дар қисмати  маводҳои фан ҷойгир аст.

9. Шахсоне, ки имтиҳони рейтингро бо сабабҳои техникӣ ва шароити оилавӣ дар мухлати муқарар гардида супорида натавонистан, бо иҷозати муовини ректор оид ба таълим, дар синфи компютерии бинои таълимии №3 метавонанд супоранд. 

10. Имтиҳони ниҳой дар маркази тестии донишгоҳ баргузор мегардад.

11. Дар асоси Низомномаи низоми кредитии таҳсил, донишҷӯи шӯъбаи фосилавӣ бори дуюм қарзи академикиро бо пардохти кредит ва иштирок дар триместр месупорад. Барои муайян кардани маблағи кредит донишҷӯ ба ноибдекани шӯъбаи таҳсилоти фосилавии факултет муроҷиат менамояд.

12. Донишҷӯ бори сеюм имтиҳони такрориро дар маркази тестӣ ва дар ҳузури комиссияи фаннӣ месупоранд.

Тағйироти охирин: Sunday 24 February 2019, 13:01