Навигариҳои сомона

Оид ба супоридани КМД (супоришҳо)

 
Тасвири  истифодабарандаи Шуъбаи тахсилоти фосилавӣ
Оид ба супоридани КМД (супоришҳо)
аз Шуъбаи тахсилоти фосилавӣ - Monday 17 February 2020, 00:35
 

Мушоҳида нишон дод, ки дар давоми 6 ҳафтаи сипари шуда қисми зиёди донишҷӯён КМД (супоришҳои) фанҳои дар сомона ҷойгир шударо иҷро накарданд. Огоҳ карда мешавад, ки баъд аз 15 март супоридани КМД-и ҳафтаҳои 1-7 ғайри имкон мебошад. 

Барои супоридани имтихони мархилахо кредит харида намешавад. Дар нимсолаи якум бо назардошти бори аввал воридшавии қисми зиёди донишҷӯён 4 маротиба бе пардохти кредит супоридани имтихони мархилаҳо иҷозат дода шуд. Дар Низомнома чунин амалиёт пешбинӣ на гардидааст. Дар нимсолаи дуюм дар давраи муайян гардида донишҷӯ метавонад то 3 маротиба имтиҳони мархиларо супорида соҳиби балли баланд гардад. Берун аз ин мухлат супоридан ё такроран супоридани имтихони мархилаҳо манъ аст. Донишҷӯе, ки КМД-ро иҷро намекунад ё аз мархилаҳо балли паст мегирад аз имтиҳони ниҳой (сессияи тобистона) бахои Ғ ду гирифтанаш мумкин аст. Аз ин лиҳоз хотиррасон менамоем, ки кредитро танҳо барои супоридани имтиҳони ниҳоӣ харидан лозим мешавад.