Навигариҳои сомона

БА ТАВАҶҶӮҲИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ (шуъбаҳои рўзона ва ғоибона)

 
Тасвири  истифодабарандаи Шуъбаи ТФ барои ҷавоб ба мактубхои донишҷӯён
БА ТАВАҶҶӮҲИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ (шуъбаҳои рўзона ва ғоибона)
 

 Раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои босамар идома додани таҳсилатон Шуморо ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои бомуваффақият супоридани имтиҳоноти сессияи тобистона тадбирҳои  муҳимро ба роҳ монда истодааст. Барои донишҷӯёни хориҷӣ сомонаи  talim.ksu.tj ташкил карда шудааст, ки дар он ҳамаи маводҳои таълимӣ ҷой дода шудааст ва шумо имкони истифодабарии онҳоро доред.

Ҳамзамон хотирнишон менамоем, ки тибқи Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.07.2016, №2122. донишҷўёне, ки таҳсили худро дар  донишгоҳҳои кишвари худ идома доданӣ ҳастанд, метавонанд пас аз хатми курси якум ва дуюм бо пешниҳод намудани   ҳуҷҷатҳои зерин  интиқол ёбанд:

- Ариза ба унвони ректори муассисаҳои олии таълимии қабулкунанда ва ризоияти он оид ба  қабули донишҷӯ ба курс ва ихтисоси дар ариза пешниҳод гардида ва аризаи дигар ба унвони ректори донишгоҳе, ки донишҷӯ онҷо таҳсил дорад, ҷиҳати интиқол аз ин муассисаи таълимӣ;

-Транскрипт (бо нишондоди ду семестр беқарз);

Нусхаи расид (квитансия) оиди пардохти маблағи солонаи таҳсил

Агар донишҷӯи интиқолёбанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешкаш нанамояд, имкон дорад дар бораи хориҷ шудан аз донишгоҳ бо хоҳиши худаш ариза нависад.

Дар мавриди пурра бартараф намудани  қарзҳои академикӣ, супоридани маблағи таҳсил ва аризаи ризоияти ректорони муассисаҳои таълимӣ донишҷӯён метавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро тавассути почта дастрас намоянд.

 

Телефон барои иртибот: (+992) 342243120

Почтаи электронӣ: talim.hgu@mail.ru