ЭЪЛОН
Ба саҳми донишҷӯёни курсҳои сеюм, чорум ва панҷуми ихтисосҳои математика, информатика ва математикаи амалии шуъбаи таҳсилоти фосилавии факултети математика расонида мешавад, ки мувофиқи нақшаи раванди таълим аз санаи 6-уми январ то санаи 18-уми январ дарсҳои ҳузурӣ ва сессияи зимистона гузаронида мешавад.
Бинобар ин, он донишҷӯёне, ки тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд, сараввал маблағи таҳсилро ба банки Матин ё Амонатбанк супорида, сипас ба шуъба ҳозир шаванд. Дарс барои курсҳои сеюм дар басти якум аз соати 8:00 ва барои курсҳои чорум ва панҷум дар басти дуюм аз соати 12:40 оғоз мегардад.
Садорати факултет.